КОРҲОИ БАРТАРАФСОЗӢ МУНТАЗАМ ИДОМА ДОРАНД

Июнь 17, 2010 09:45

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар вилояти Хатлон аз тарафи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ корҳои барқароркунӣ мутташакилона идома доранд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ барои ҳамоҳангсозии корҳо мунтазам фаъолият карда, тамоми қувва ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои зудтар бартараф кардани корҳои барқароркунӣ ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ равон шудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ воридоти кӯмак аз шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ 665 адад хайма, зиёда аз 260 тонна орд, 27 тонна шакар, 25 тонна биринҷ, 22 тонна равған ва 27 тонна макарон ворид гардидаанд. Инчунин дар асоси рӯйхатҳои аниқшуда бар асари офатҳои табиии моҳҳои апрел-майи соли равон дар вилояти Хатлон 327 хона пурра ва 580 хона қисман зарар дидаанд. Дар вилоят 907 манзили истиқоматӣ зарар диданд. Аз тарафи мутахассисони Кумита рӯйхати оилаҳои зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тартиб дода шуда аз тарафи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 894 ҳазору 400 сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина ҷудо карда шуд. Ҳамзамон 5 қитъа барои сохтмони хонаҳо муайян карда шудааст, ки дар қитъаи якум 94 хона, дар қитъаи дуюм низ 94 хона, дар қитъаи сеюм 131 хона, қитъаи чорум 194 хона ва қитъаи панҷум 75 хона тақсим шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад. Бояд қайд намуд, ки то 14 июни соли ҷорӣ дар панҷ китъае, ки барои сохтмони хонаҳо ҷудо шудааст корҳои сохмонии хонаҳо идома ёфта кандани ҳандақ барои 534 хона ба итмом расонида шуда, 4 хандак нотамом. Рехтани таҳкурсӣ барои 94 хона идома ёфта, барои 410 хона ба итмом расид. Бардоштани девори 306 хона идома дошта, бардоштани 67 хона ба итмом расид. Болопӯши 7 хона ба анҷом расида 8 хона идома дорад ва корҳои пардозкунӣ дар 5 хона оғоз гардидааст. Ҳамчунин корҳои барқароркунии манзилҳои истиқоматӣ дар вилояти Суғд идома дорад. Барои хонаҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ дар ноҳияи Ғончӣ зарар диданд дар ноҳияи Зафаробод барои 7 манзили зист қитъаи замин ҷудо карда шуд. Айниҳол сохтмон дар ин мавзеъ идома дорад. Дар ноҳияи Панҷакент низ корҳои барқароркунӣ идома дошта бар оилаҳои бар асари офати табиӣ зарар дида 6 садяк қитъаҳои замин ҷудо шуда корҳои сохтмони манзилҳо барои 16 адад хонаҳо идома дорад. Инчунин дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ айни замон барои 154 хоҷагӣ қитъаи замин дар мавзеи Сурхсангов ва барои 5 хоҷагӣ дар дашти Язғулом муқаррар шуда сохтмони онҳо идома дорад. Сохтмони хонаҳо барои 117 хоҷагӣ дар мавзеи Сурхсагоб ва 5 адад дар мавзеи дашти Язғулом оғоз шуда, дар мавзеи Язғулом рехтани таҳкурсӣ ва бардоштани девор барои 2 хона ба анҷом расидааст. Дар мавзеи Сурхсангоб бардоштани девори 35 хона ба анҷом расида пӯшидани 20 хона идома дорад. Андоваи 10 хона оғоз гардида васли дарутирезаи 2 хона ба анҷом расидааст. Барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ аз тарафи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ ба монанди 1 464 тонна, 115 тонна арматура, 1 130 метри кубӣ тахта, 13 ҳазору 467 дона шифер ва қубури об, полиет 18 ҳазору 501 метр ҷудо гардид. Аз тарафи Кумита то имрӯз ба ноҳияи Ванҷ 1 464 тонна семент, 87 тонна арматура, 700 метри кубӣ тахта ва 13 ҳазору 467 дона шифер масолеҳ ҷудо гардид. Барои интиқол додани масолеҳи сохтмонӣ ба ноҳияи Ванҷ аз тарафи Кумита 10 адад мошини боркаши «Камаз» сафарбар шуда, 50 адад мошини боркаш то имрӯз 180 рейс масолеҳи сохтмонӣ бурда расонида шуд.                    

Июнь 17, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад