КОРКАРДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР КИШВАР
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Минбаъд тамоми маҳсулоти кишоварзӣ тавассути технологияи нав дар ҷумҳурӣ коркард мешавад. Дар ин бора Ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ дод. Тибқи ин супориш, дар доираи Барномаи рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 -2015 доир ба истифодаи пурра ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва навсозии онҳо дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди гӯшту шир ва ғалладона ҷорӣ намудани технологияи нав тадбирҳои муассир андешида шуда, дар хар се моҳ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш дода мешавад,- иброз доштанд дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






