МАҶЛИСИ ШӮРОИ МАШВАРАТИИ ИДМ
Маскав, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 23 июн дар Кумитаи иҷроияи ИДМ маҷлиси 23 – юми Шӯрои машваратии бахшида ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи муқаррар намудани меъёрҳои меҳнат, сиёсати мувофиқашудаи иҷтимоию демографӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуои радиатсионии Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва фалокатҳои дигари радиатсионӣ қарор доштанд, муҳокима карда шуданд. Аъзои Шӯро инчунин масъалаҳои ташкили системаҳои мубодилаи маълумотро дар бораи талабот ба захираҳои меҳнатӣ дар мамлакатҳои ИДМ, ташкили давра ба давраи бозори умумии меҳнат ва ба низом даровардани ҷараёни муҳоҷиратро муҳокима карданд. Дар маҷлис ба иҷрои барномаи стратегии рушди иқтисодии давлатҳои ИДМ дар давраи то соли 2020 ва нақшаи умумии тадбирҳои аввалиндараҷаи амалӣ сохтани принсипҳои эъломияи сиёсати муҳоҷират диққати калон дода шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






