МАШҒУЛИЯТҲОИ ПЕШГИРИИ ВИЧ/СПИД БАРОИ МУҲОҶИРОН
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» барои пешгирии вируси норасоии масъунияти бадан-(ВИЧ/СПИД) барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳайати оилаи онҳо машғулияти омӯзишӣ бо усули интерактивӣ кушода шуд,- иброз доштанд дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар давоми се рӯзи кории семинар ба ширкаткунандагон дар бораи бемориҳои хавфноки иҷтимоӣ, тарзи таҳияи шартнома бо корфармо, суроғаи ташкилотҳои кӯмакрасони муҳоҷирони меҳнатӣ ва маълумоти умумӣ дар бораи бемории ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳои сирояткунанда дода мешавад. Ҳангоми омӯзиши усули интерактивӣ иштирокчиёни машғулият ба машқҳои варзишӣ ҷалб карда шуда, саҳначаҳо ва филми ҳаётии «Ҳар яки мо»-ро, ки дар бораи пешгирӣ аз ҳар гунна бемориҳои сироятӣ, бахусус, пешгирии бемории норасоии масъуняти бадан- ВИЧ/СПИД нақл мекунад, тамошо намуда, хулоса мебароранд. Дар охири машғулият ба иштирокчиёни он, баъди санҷиш барои донишҳои гирифтаашон сертификат дода мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






