МАСОҲАТИ ЗАМИНИ КИШТ ВАСЕЪ МЕШАВАД
Хоруғ, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Дар ҳудуди ВМКБ қобили кишт гардонидани қитъаҳои нави замин давом дорад. Роҳбари раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилоят Баҳодур Сулаймонов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади қобили кишт гардонидани қитъаҳои нави замин дар мавзеи Бовиди ноҳияи Ванҷ 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Дар мавзеи Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз зиёда аз 100 гектар замини лалмӣ обӣ карда мешавад. Бо ин мақсад аз буҷети ҷумҳурӣ 650 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Тӯли солҳои охир дар ноҳияи Ванҷ бештар аз 80 гектар замин қобили кишт гардонида шуд. Дар ноҳияи Дарвоз сохтмони канал давом дорад, то имрӯз 80 фоизи корҳои сохтмони он ба охир расидааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






