МИҚДОРИ ЗИЁДИ ПРЕКУРСОР МУСОДИРА КАРДА ШУД

Июнь 25, 2010 14:09

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Кормандони гумруки шаҳри Исфара таи 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 2 ҳодисаи бо тариқи қочоқ интиқол додани маводҳои нашъадор ва прекурсорҳои онро пешгирӣ намуданд. Дар пайи гузаронидани як амалиёти махсус 10 кг 46 гр маводи сахттаъсири героин ҳангоми интиқол ба Федератсияи Россия боздошт карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар таърихи 29 марти соли равон аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд воридоти ғайриқонунии прекурсор аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳаҷми махсусан калон ошкор ва боздошт гардид. Ҳангоми бурдани назорати гумрукӣ дар минтиқаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон аниқтараш наздикии самти Лаконӣ, шаҳри Исфара воситаи нақлиёти тамғаи «Опел – Астра» таҳти рақами давлатии ЕО 69 74 02 РТ боздошт карда шуд, ки ба шаҳрванд Ҳалимов Абдусалом тааллуқ дорад. Ҳангоми пурсиш ронанда арз намуд, ки ӯро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсупов Рустам, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қистакӯз киро намуда ба шаҳри Исфара овардааст. Яъне, ба боварии ронанда даромада, боре, ки ба Р. Юсупов тааллуқ даштааст то ҷои истиқоматии ӯ бурда расонад. Ба гуфти Р. Юсупов маводи мазкур гербицид буда ба замини хоҷагиашон истифода мебурдааст. Дар асосӣ маълумотномаи ташхиси судӣ кимёвии таҳти рақами 18 аз саннаи 14 апрели соли 2010 лабораторияи ташхиси судии Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳлули мазкур моеъи беранги шаффоф буд. Дорои бӯи тези хафаккунанда дошта, дар 20 адад зарфҳои пласмасие, ки ғунҷоишаш 20 литра ҷой карда шуда ба гурӯҳи прекурсорҳо ангедриди кислотаи уксус шомил буд. Ҳаҷми моли номбурда дар маҷмӯъ 403 кг 860 гр ташкил медод. Моли боздоштшуда ба гурӯҳи прекурсорҳои дар ҷадвали 3-и замимаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интишори соли 2004 шомил шудааст. Нисбати ин амалаи  Р. Юсупов бо моддаи 202 (қ.3 банди «В») ва 289 (қ.3) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ба Прокуратураи шаҳри Исфара ирсол карда шуд. Хотиррасон мекунем, ки интиқоли ғайриқонунии ин намуд прекурсор бинобар ба маълумоти омории ҷиноӣ дар қаламрави Ҷуҳмурии Тоҷикистон бори аввал ба қайд гирифта шудааст ва эҳтимол меравад, ки ҷинояти мазкур аз нигоҳи содиршавӣ ба ҷиноятҳои хусусияти трансмиллӣ мансубият дорад.

Июнь 25, 2010 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст