МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЧЖАН ЧУНСЕН
17 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин омад. Барномаи сафар бо боздиди Сарвари давлати Тоҷикистон аз боғи фарҳангӣ ва осорхонаи миллии ин ноҳияи мухтор оғоз ёфт. Нимаи дуюми рўз мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби кумитаи ҳизбӣ – Раиси Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғур Чжан Чунсен баргузор шуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории мустақими Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо кишвари мо бевосита ҳамсарҳад буда, дорои 20 миллион аҳолӣ аст, баррасӣ шуд. «Робитаҳои мустақими Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба нишондодҳои Аҳдномаи байнидавлатии ду кишвар оид ба дўстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки аз моҳи январи соли 2007 амал мекунад, тавъам аст», — изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Роҳбари Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғур Чжан Чунсен дар навбати худ изҳор дошт, ки «Тоҷикистону Чин ду ҳамсояи накуянд, ки ҳамдигарро дар бисёр масоили сиёсати байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд ва ҳамкорияшон рў ба таҳкиму тавсиа дорад». Аз рушди босуръат ва бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ки солҳои охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки аз се як ҳиссаи ҳаҷми мубодилоти моли миёну Тоҷикистону Чин ба Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур рост меояд. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ҳаҷми мубодилоти мол миёни Тоҷикистон ва ин минтақаи фарохи Чин тайи чор соли ахир 310 баробар афзоиш ёфтааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ба кори доимӣ дар ҳамаи фаслҳои сол гузаштани гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу, ки Тоҷикистону Чинро бевосита мепайвандад, робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар рушди бесобиқа пайдо мекунанд. Хотиррасон бояд намуд, ки айни ҳол ин гузаргоҳ 240 рўз дар як сол кушода аст. Ба нақши ширкатҳои чинӣ, ки шумораи зиёдашон аз минтақаи Синсзян-Уйғур мебошанд, дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва истихроҷу коркарди маъданҳои кўҳӣ баҳои баланд дода шуд. Ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кишти пахта бо технологияи нави муосир, обёрии заминҳо бо усули қатрагӣ ва ҳамчунин ба истифодаи заминҳои шўр дар зироаткорию боғдорӣ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир карда шуд. Баъди анҷоми ин мулоқот се созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид: — Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин; — Қарордод миёни Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» ва ширкати ТВЕА — Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони хатти 220 – киловолтаи интиқоли нерўи барқи Хуҷанд-Айнӣ; — Созишномаи миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Синсзян оид ба ҳамкорӣ. Бояд таъкид намуд, ки созишномаи байниҳукуматӣ ҳамкории дарозмўҳлат дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, хусусан саноати кўҳӣ, нақлиёт ва комуникатсия, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосирро дар назар дорад. Тибқи созишномаи дуюм дар мўҳлати якуним сол бояд хатти 220 – киловолтаи интиқоли нерўи барқ аз шаҳри Хуҷанд то ноҳияи Айнӣ бо харҷи 36,9 миллион доллари амрикоӣ кашида шавад. Дар доираи ҳамин лоиҳа ҳамчунин дар ноҳияи Айнӣ як зеристгоҳи 220 – киловолта бо технологияи муосир сохта мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.