МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ШИ ДАГАН

Июнь 19, 2010 13:06

19 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Урумчии ноҳияи Синсзян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Қошғари ҳамин ноҳия сафар кард. Дар фурўдгоҳи Қошғар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукўҳу шаҳомати хоссаи шарқиёна ва самимияти дўстона истиқбол гирифтанд. Бояд хотиррасон намуд, ки сарҳади миёни Тоҷикистону Чин аз байни ҳамин шаҳр ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мегузарад ва гузаргоҳи сарҳадии Кулма — Қаросу низ дар ҳамин ҷо аст. Аксари тоҷикони Чин, ки шумораи умумиашон беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дар мавзеи Тошқурғони ҳамин минтақа зиндагӣ мекунанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини котиби якуми хизб -роҳбари округи Қошғар Ши Даган мулоқот намуда, масоили таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистонро бо ин шаҳр ва аз тариқи он бо ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмўъ баррасӣ намуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки шаҳри Қошғар минтақаи озоди иқтисодӣ эълон гаштааст ва барои тараққиёту пешрафти иҷтимоию иқтисодии он ва ҳамаи ҳудуди ноҳияи Мухтори Синсзян – Уйғур аз ҷониби ҳукумати марказии Чин корҳои намоён ба назар мерасанд. Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкории байниминтақавӣ таъкид намуданд. Ду ҷониб изҳор доштанд, ки баҳри таъмини кори доимии гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Қаросў дар ҳамаи фаслҳои сол ва вусъат додани кори ин шохаи Шохрохи бузурги Абрешим кўшиш ба харҷ медиҳанд. Айни ҳол ин гузаргоҳ дар 4 моҳи фасли сармои ин минтақаи баландкўҳ баста аст. Ба пайваста ба роҳ мондани намоишгоҳҳои молу маҳсулоти Тоҷикистону қошғар дар ҳудуди ҳамдигар ки солҳои охир ба назар мерасад изҳори ҳавасмандӣ карда шуд Дар шаҳри Қошғар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар форуми соҳибкорону тоҷирони   Тоҷикистон ва ин минтақаи Чин иштирок намуда, онҳоро ба ҳамкории наздик, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим ва истифода аз имкону захираҳои фаровони муштарак ташвиқ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 19, 2010 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд