МУОВИНИ МУНШИИ УМУМИИ СММ БА ДУШАНБЕ ОМАД

Июнь 7, 2010 14:48

Душанбе,  7 июн. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  Муовини  Муншии  умумии Созмони  Милали  Муттаҳид  Шо  Сзукан  шаби  6  июн  ба  шаҳри  Душанбе ташриф овард. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  меҳмон  дар   конфронси байналмилалии  намояндагони  воломақоми  мамлакатҳои  ҷаҳон  ва  созмонҳои байналхалқӣ  бахшида ба  мавзӯи   таҳлили  миёнамӯҳлату  доманадори  ҷараёни  иҷрои тадбирҳои  Даҳсолаи  байналхалқии  амалиёти  «Об  барои зиндагӣ» ширкат  меварзад. Конфронс  8 – 10  июн   дар  Душанбе  гузаронида  мешавад. Аз  Кумитаи тадорукоти  конфронс  хабар  доданд, ки айни  ҳол  қариб  100 нафар  иштирокчии  конфронс ба  Душанбе омад. Меҳмонони  боқимонда  дар  давоми  рӯзи  7  июн хоҳанд  омад. Инчунин  дар  конфронс  роҳбарону намояндагони  созмонҳои байналхалқию  минтақавӣ,  аз  ҷумла  СММ, САҲА,  СҲШ, Созмони  ҳамкории  иқтисодӣ, Созмони конфронси  исломӣ,  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ, Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  ва  ғайра  иштирок  хоҳанд  кард.

Июнь 7, 2010 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад