МУТАХАССИСОН БАРОИ НБО-И РОҒУН
Роғун,14 июн.(АМИТ»ХОВАР»,Зебо Давлатова). — Соли 2009 бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар шаҳри Роғун оид ба таъсис додани Коллеҷи муҳандисию техникӣ қарори махсус ирсол гардид. Директори Коллеҷи мазкур Ҷурахон Мусоев ба хабарнигори АМИТ»ХОВАР»оиди комёбиҳои ба дастовардаи ин даргоҳ то имрӯз чунин иттилоъ дод.- Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун аз рӯи 6 ихтисос ба донишҷӯён дарс меомӯзад. Айни замон дар Коллеҷи мо 153 нафар хонанда таҳсил намуда истодааст. Ҷунайдулло Мусоев иброз дошт,ки ба толибилмон 40 нафар мутахассисони дорои маълумоти пурраи техники олиию технакӣ дарс гуфта истодаанд. Ба 86 нафар хонандагони ноҳияҳои дурдаст хобгоҳҳои хубу замонавӣ ташкил карда шудааст ,ки Айни замон 56 нафар донишҷӯён таҳсил истиқомат карда истодаанд. Имсол бо дастгирии Вазири маорифи ҷумҳӯрӣ,раиси ҳукумати шаҳри Роғун Исматулло Зайдов ва директории НБО-и Роғун Нурулло Шулашов дар назди коллеҷ бинои таълимии иловагӣ барои 500 нафар сохта ба истифода дода мешавад,ки Айни замон корҳои сохтмони босуръат рафта истодааст.