НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР УРУМЧИ
Урумчи, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз 1 то 5 сентябри соли равон дар шаҳри Урумчи намоишгоҳи ҳарсолаи 19 – уми тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад. Ташкилкунандагони он ҳукумати халқии Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур, Вазорати тиҷорати Чин ва Кумитаи мусоидат ва тиҷорати байналхалқии ин мамлакат мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар намоишгоҳи мазкур корхонаю ширкатҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Покистон, Туркия, Эрон, Тайван ва мамлакатҳои дигар ширкат меварзанд. Дар он маҳсулоти бештар аз ҳазор корхона намоиш дода хоҳад шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






