О.ОҚИЛОВ БА ВМКБ ОМАД

Июнь 11, 2010 16:47

Хоруғ, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Гурӯҳи  коршиносони  ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии  Сарвазири  мамлакат  Оқил Оқилов  бо  супориши   Президенти  ҷумҳурӣ  субҳи  имрӯз  озими Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  гардид. Ҳадафи  сафар  шиносоӣ  бо  ҷараёни  тайёрии  вилоят  ба ҷашни Ваҳдати  миллӣ, ҷараёни  сохтмони  иншоотҳои  идона  ва  расонидани  кӯмак  ба  мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ дар  бобати  сари вақт  ба  истифода  додани  ин  иншоотҳо мебошад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  шиносоии  Сарвазир  бо  ҷараёни  сохтмони  иншоотҳои  идона  аз  ноҳияи  Ванҷ шурӯъ  шуд.  Аъзои  ҳайат – коршиносони  соҳаҳои гуногун   бештар  ба  сифати  кори  сохтмончиён ва  иншоотҳо  диққати  ҷиддӣ  медиҳанд.  Оқил  Оқилов  ва  ҳамроҳонаш  баъди  чошти  имрӯз ба  шаҳри  Хоруғ  омаданд. Бояд  гуфт, ки  қисмати  бештари   иншоотҳои  идона   дар  маркази  вилоят  сохта  мешаванд. Сафари  О.Оқилов  дар   ВМКБ  давом  дорад.

Июнь 11, 2010 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд