О. ОҚИЛОВ БО Ш. СЗУКАН ВА Т. МАНСУРОВ КАДОМ МАСЪАЛАҲОРО БАРРАСӣ КАРД?

Июнь 8, 2010 18:39

 Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷараёни баргузории Конференсияи байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» 2005-2015 имрӯз зимни мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо муовини Дабири кулли СММ Ша Сзукан баррасӣ гардид.  Ша Сзукан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва баргузории ин конфронс дар сатҳи баланд изҳори сипос карда, гуфт, ки СММ ҳамеша мекӯшад иқдомҳои наҷиби кишварҳои аъзои созмонро дасгирӣ намуда, ба раванди татбиқи онҳо мусоидат кунад. Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои обу энергетикии минтақа, татбиқи барномаҳои Тоҷикистон дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва масъалаҳои марбут ба нақлиёту комуникатсия муҳокима гардиданд. Сарвазири мамлакат О. Оқилов изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо татбиқи Стратегияи милли рушд ва барномаҳои дар самти рушди иқтисоди миллӣ равонашуда метавонад дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Ша Сзукан тазаккур дод, ки баргузории   Конференсияи байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» 2005-2015 дар шаҳри Душанбе ба татбиқи хуби Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат карда, нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебарад. Худи ҳамин рӯз, Сарвази Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Дабири кулли Созмони иқтисодии Евразия Тоҳир Мансуров низ мулоқот карда, сатҳи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистонро дар доираи ин созмони бонуфуз баррасӣ намуд.     

Июнь 8, 2010 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад