ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН ДАР АСОСИ ҚАРОРДОД

Июнь 25, 2010 09:32

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин аз тариқи шартномаи дутарафа бо корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва воҳидҳои сохтории дахлдори онҳо дар асоси қарордод (пулакӣ) низ сурат мегирад. Пардохти музди яксолаи таҳсил барои гурӯҳҳои шартномавии факултаи тиббӣ — 900 доллар, стоматологӣ — 1000, фарматсевтӣ — 700 ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ 550 доллари амрикоӣ (бо асъори миллӣ ва курси бонки миллӣ)- ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти ректорати донишгоҳи мазкур, шаҳрвандони давлатхои хориҷӣ, инчунин хориҷиёну шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофи таҳсилот ва супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ва пардохти музди таълим қабул карда мешаванд.     

Июнь 25, 2010 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд