ОЗМУНИ НАВҚАЛАМОН
Турсунзода, 14 июн. (АМИМТ «Ховар», Ҳотам Робиев). — Бо ташаббуси шўъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва маҳфили «Ворисони Турсунзода» чанде қабл озмуни эҷодкорони навқалам баргузор гардид. Озмун, ки «Фавҷи назм» ном дошт ба 100-солагии шоири бузурги тоҷик, мунодии сулҳу дўстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бахшида шуд. Ба унвонии озмун 50 нафар эҷодкорони ҷавон аз гўшаю канори шаҳри Турсунзода шеъру ҳикояҳои эҷодкардаи худро пешниҳод намуда, 34 нафари онҳо дар ҷамъомад шеъру таронаҳи худро қироат намуданд. Олимшоњ Ҷалилзода, Мавлуда Бақоева, Шаҳнозаи Абдуқаҳҳор, Собир Саидов, Умеда Каримова ғолибони озмун гардида, бо мукофотҳо сарфароз гардиданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






