ПЕШГӮИҲОИ ДИЛПУРКУНАНДА

Июнь 10, 2010 08:19

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, Маҷмӯи    Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ 3,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Рушди Осиё таъмини афзоиши ҳаҷми Маҳсулоти Умумии Дохилӣ (МУД) –и Тоҷикистонро ба мизони 3,4 фоиз нишондоди беҳтарин медонад. Роҳбари ҳайати  хазинаи байналмилалии асъор Аксел Шиммелпфеннинг изҳор доштааст, ки Тоҷикистон соли 2010 афзоиши ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии худро то ба 5 фоиз афзоиш медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми маҳсулоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли ҷорӣ  8,8  давлати Ҳиндустон -6,5 ва рушди иқтисоди давлати Амрико 2,1 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ин рақамҳо бозгӯи он аст, ки бӯҳрони молиявӣ дар соли 2010 дар аксари давлатҳои тараққиёфта ва давлатҳои дар ҳолати рушд қарордошта ба поён мерасад.    

Июнь 10, 2010 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад