РАИСИ ШАҲР АЗ ҶАРАЁНИ ИҶРОИ БАРНОМА ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ КАРД

Июнь 22, 2010 15:23

Душанбе, 22 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То 20-умин солгарди Ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2011 таҷлил мегардад, дар маҳаллаи Навбаҳори пойтахт кӯдакистони наву замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад. Чунин зикр кард зимни баромадаш дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  муовини Раиси шаҳри Душанбе Сановбар Раҳимова. Мавсуф дар  назди вакилон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди  муассисаҳои томактабии  шаҳри Душанбе барои солҳои 2008-2015 гузориш дода гуфт, ки дар асоси барномаи мазкур, ки самти он ба рушди  муассисаҳои томактабии пойтахт, барқарорсозию таъмири асосӣ, инчунин мустаҳкамкунии заминаи моддию техникии онҳо нигаронида шудааст,  корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, маблағҳои дар ин самт ҷудо шуда аз 300 ҳазор сомонии соли 2008 ба 10750 ҳазори соли 2010 расонида шудааст. Санавбар Раҳимова ҳамзамон гуфт, ки дар ин давра  теъдоди мутахассисони маълумоти олидор дар кӯдакистонҳо афзуда, дар давоми ду соли охир беш аз 250 нафар кормандони  муассисаҳои томактабии пойтахт  аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Новобаста ба анҷоми корҳои самарабахш дар ин самт Раиси шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои Барномаи мазкурро дар пойтахт ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард. Маҳмадсаид  Убайдуллоев нисбати хунукназарона рафтор намудани баъзе аз   сохторҳои шаҳрӣ дар мавриди монеъасозӣ ба соҳибкорон  ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ изҳори нигаронӣ  карда, зикр намуд, ки  бояд  ба сохтмони муассисаҳои томактабии муосир дар пойтахт аҳамияти ҷиддӣ дод. Зеро ташаккул ва ба камол расонидани ҳар як фарди ба ҷомеа арзанда маҳз аз кӯдакистон замина мегирад. Аз ин рӯ, Раиси шаҳр пешниҳод кард, ки барои дилхоҳ соҳибкорону шахсони ҳуқуқӣ, ки  меҳоҳанд дар пойтахт боғчаю муассисаҳои томактабӣ бунёд созанд, имкони аз буҷаи шаҳр додани то ду миллион сомонӣ қарзи бидуни фоиз ва аз пардохти як чанд навъи андоз озод кардани онҳо вуҷуд дорад. Доир ба татбиқи амалии Барномаи мазкур ва рушди бахши муассисаҳои томактабиипойтахт вакилони Маҷлиси халқи шаҳри Душанбе пешниҳодҳои муфид, хусусан дар назди ҳар як вазорату идора ташкил намудани муассисаҳои томактабии замонавӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро ироа карданд. Дар робита барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди  муассисаҳои томактабии пойтахт  ва масъалаҳои марбут ба рушди  соҳаи маориф, тандурустӣ Раиси шаҳри Душанбе ба муовини соҳавияш Сановбар Раҳимова  ва мудири идораи маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов то 3 моҳ мӯҳлат дод. Дар мавриди ҳалл нагаштани масъалаҳои марбута муовини раиси шаҳр ва мудири идораи маорифи пойтахт аз вазифаҳояшон озод карда хоҳанд шуд. Дар иҷлосияи як қатор Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуданд.

Июнь 22, 2010 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд