САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 30 маи соли равон ронандаи трактори тамғаи «МТЗ-80» шаҳрванд Лутфулло Оқилов, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ҷамоати Ғозиён, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингард, воқеъ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ба номи Раҳимов, дар вақти кашондани алаф бо ду адад борти трактор аз идораи воситаи нақлиёт набаромада ба тарафи чапи роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи трактор Л. Оқилов аз гирифтани ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






