СЕЛ ДАР РОҲИ ИСФАРА – ВОРУХ

Июнь 25, 2010 15:38

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 23 июни соли равон тахминан соати 19 дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара борону жола борида, дар минтақаи роҳи Исфара-Ворух «Оқсой» сел 80 метр роҳи мошингардро бо санг ва гил пур кардааст. Дар натиҷа 3 соат роҳ баста шуд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Исфара якҷоя бо хадамоти нақлиёт ва роҳи шаҳр роҳи Исфара — Ворӯх «Оқсой»-ро барқарор карданд. Хисорот аз зарари расида муайян карда мешавад.  

Июнь 25, 2010 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад