Ш. ЗУҲУРОВ БА ТУРКИЯ РАФТ
Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 7 июн Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар Саммити сеюми машваратӣ оид ба ҳамкориҳо ва тадбирҳои эътимодӣ дар Осиё ба Ҷумҳурии Туркия сафар кард. Назар ба иттилои сардори хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов, Шукурҷон Зуҳуров зимни иштирок дар Саммит, ки то 10 июн идома меёбад, бо роҳбарони баландпояи Туркия, аз ҷумла Раиси парлумони ин кишвар дидору мулоқот намуда, масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкорҳои Тоҷикистону Туркияро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ менамояд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






