ШАҲРВАНДОН ОЗ ОБИ ИШОМИДАНИ ТАНҚИСИ МЕКАШАНД

Июнь 7, 2010 16:27

Кӯлоб,  7 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). —  Сокинони  ҷамоти  деҳоти  « Зарбдор»- и  ноҳияи  Кӯлоб  тӯли  панҷ  сол  аст,  ки  аз   оби   ошомиданӣ   танқисӣ  мекашанд. Раиси  ҷамоати  мазкур  Амирхон  Ҳамидов  дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт,  ки  308  хоҷагии  Файзобод, 206  хоҷагии  Бештигирмон, 130  хоҷагии  Бештигирмони  поён  ва  135  хоҷагии  ба  номи  Мадином Ибронов  аз  оби  ошомиданӣ танқисӣ кашида, имрӯз  ягон  нуқтаи  оббтаъминкунӣ  дар ин деҳот мавҷуд нест. Сабаби  нарасидани  оби  ошомиданӣ  фаъол  набудани   насосҳои  обкашӣ  ва  аз  кор  баромадани  қубурҳо  мебошад. «Барои   барқарор  кардани насосҳо  ва  қубурҳои  обкашӣ  маблағи  зиёде   лозим  меояд, ки  то  аҳолӣ  аз  ин  мушкилот  раҳо  ёбанд. Масъулини  ҷамоат    дар  якҷоягӣ   бо  сафоратхонаи  Ҷопон    мувофиқи  лоиҳа      дар  се  деҳа   нуқтаи  оббарорӣ  ташкил  намуда,  нақша  доранд   аҳолии деҳаҳои номбаршударо низ    дар  соли  ҷорӣ  бо   оби   ошомидани    таъмин  намоянд», — афзуд раиси ҷамоат.                     

Июнь 7, 2010 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад