СОХТМОНИ БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНА ТО ҶАШНИ 90-СОЛАГИИ ПОЙТАХТ

Июнь 15, 2010 13:51

Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе, ки соли 2014 таҷлил карда хоҳад шуд,  дар қисмати кӯчаҳои протоколӣ, аз ҷумла  кӯчаи А.Дониш — С. Айнӣ -хиёбони Рӯдакӣ-Чорбоғ, бо тасмими шаҳрдорӣ  биноҳои баландошёнаи маъмурӣ бо инобати марказҳои мухталифи хизматрасонӣ дар ошёнаи аввал сохта мешаванд. Тадбири мазкур бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардонида мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд,  баррасӣ гардид. Ҳамзамон,  дар ҷаласа барои иҷрои Қарори марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  раисони ноҳияҳои пойтахт якҷоя бо кумитаи заминсозӣ ва сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки барои эҳтиёҷоти сокинони шаҳр, ки ба парвариши чорвои хонагӣ ниёз доранд,  дар чор минтақаи дар таносуби ноҳияҳо буда, то 1 сентябри соли 2010 вобаста намудани қитъаҳои заминро барои бунёди  нуқтаҳои парвариш ва нигаҳдории чорвои хонагӣ ҳаллу фасл созанд.

Июнь 15, 2010 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад