ТӮЙИ СУННАТӢ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ВАҲДАТ
Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 27 июн таҷлил мегардад, дар ноҳияи Вахш тӯйи суннатии 70 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Ин иқдом дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешида шуд. Тӯйи суннатии бачаҳо бо ибтикори намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия Вахш ташкил ва гузаронида шуда, бачаҳоро дар ин рӯзи барояшон саид Раиси ноҳияи Вахш Шодӣ Мӯсоев ва раиси намояндагии Кумитаи байналмилалии имдод дар Тоҷикистон Сайидҷавод Разавӣ табрик намуданд. Онҳо ба бачаҳо либосу пойафзол ва бозичаҳо тақдим карда, барояшон дастархони тӯёна оростанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






