ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ

Июнь 21, 2010 15:59

Душанбе, 21 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ  ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 июн дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, баррасӣ гардиданд. Аъзои Шӯро, инчунин лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ», «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ», «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ  ва ҳисоботи молиявӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Дар бораи китобдорӣ»-ро  муҳокима карданд. Назар ба итттилои сардори маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, масъалаҳои зикршударо вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков шарҳ дода, афзалияти онҳоро дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон баён карданд.  

Июнь 21, 2010 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад