ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУҲИТИ ЗИСТ

Июнь 7, 2010 09:21

Душанбе,  7 июн. (АМИТ «Ховар»). – Ҳар  сол  5  июн  дар  қисмати  бештари  мамлакатҳои  ҷаҳон Рӯзи байналмилалии  муҳити  зист  таҷлил  карда  мешавад. Маҷмаи  кулли СММ  моҳи  декабри соли  1972  бо  мақсади  ҷалби  таваҷҷӯҳи  мамлакатҳои  ҷаҳон 5  июнро   Рӯзи  байналмилалии   муҳити  зист эълон  карда буд. Ҳадафи  ин  иқдом  муҳофизат  ва беҳтар  сохтани  вазъияту  шароиту  муҳити  зист  ва табиат  мебошад.   Мавзӯи  Рӯзи  байналмилалии  муҳити  зист  дар  соли  2010  — «Як  сайёра,  навъҳои гунони  ҳаёти  зинда ва таъмини  ояндаи онҳо»  мебошд.  Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  ба  ин  муносибат   дар  Руанда  машварати  калони  намояндагони давлатҳои  аъзои  СММ  гузаронида  мешавад. Дар  он Муншии  умумии  СММ  Пан  Ги  Мун  иштирок  ва  сухан кард.

Июнь 7, 2010 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад