«ТАНГЕМ»-ҲО АЗ КӮЧАҲО ҒАЙБ МЕЗАНАНД

Июнь 25, 2010 09:30

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори маркази матбуотии бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе подполковники милитсия Шерафган Латипов, таи ду рӯз дар кӯчаҳои шаҳр оид ба қатъ гардонидани мусофиркашонӣ тавассути ба истилоҳи халқӣ «тангем» — ҳо  дар хатсайрҳои қаблӣ муайянгардида, рейди махсуси кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ гузаронида шуд. Ба иттилои ҳамин манба, мақсад аз гузаронидани чунин санҷиш бехатар гардонидани ҳаракати нақлиёт дар тамоми хатсайрҳои пойтахт мебошад. Аз 21 – уми июни соли ҷорӣ ҳаракати «тангем» — ҳо дар тамоми хатсайрҳо пурра қатъ карда шудааст. Дар сурати дар хатсайрҳо пайдо шудани ин намуди нақлиёт ронандагони онҳо баъди огоҳӣ шуданашон то 700 сомонӣ ҷарима карда  мешаванд. Дар сурати такроран баромадан дар яке аз хатсайрҳои шаҳрӣ ронанда аз  шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум карда мешавад. Боис ба ёдоврист, ки дар аввали  моҳи апрели соли ҷорӣ ҳаракати ин микроавтобусҳои сохти чинӣ  дар роҳи «Протоколӣ» қатъ карда шуда буд. Акнун шаҳрвандон аз хатсайрҳо ғайб задании «Чанху», «Дамаск», «Хафей»- ро, ки дар байни мардум бо номи «тангем» маълуманд, чи тавр қабул мекунанд, вақт нишон медиҳад. Бо вуҷуди таъкиди сахти кормандони  «БДА» -и шаҳри Душанбе  субҳи  рӯзи 25 – уми июн  дар хатсайри  «2», «11», «15» ва «25» шумораи зиёди ин навъи нақлиёт мушоҳида гардид, ки аз ду якест: ё инҳо «таға»- доронанд ва ё қонуншиканҳое мебошанд, ки тавассути додани   2 сомонӣ  ба нозирони роҳ худашонро  шоҳу таъбашонро вазир пиндошта мегарданд.

Июнь 25, 2010 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад