ТАВАҶҶӮҲ БА ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафири Австрия хонум Урусла Фарингер дар вохӯрӣ бо вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов иброз намуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар вохӯрии навбатии комиссияи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдо, ки имсол дар давлати Австрия баргузор мегардад, барои Тоҷикистон роҳи навро мекушояд. Ҳамчунин оид ба баргузории конфронси илмӣ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо иштироки олимони Академияи илмҳои кишоварзии Австрия ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷиткистон, ки дар рушди соҳаи кишоварзии ҳарду ҷумҳурӣ тавассути пайвастани илм ба истеҳсолот амалӣ гардонида мешавад, барои соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим хоҳад буд. Хонум Урусла Фарингер ҳачунин иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Австрия ташкилоти ғайритиҷоратии «Ҳилфсверк Австрия Интернатсионал» фаъолият менамояд ва мақсади асосии он баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, дастгирии корхонаҳои хурд ва миёна оид ба коркард ва борпечонии маҳсулоти озуқаворӣ равона гардидааст. Ин ташкилот дар Тоҷикистон ду корхонаи хурд: яке оид ба хушконидану печонидани меваи зардолу дар вилояти Суғд ва дигаре оид ба шуста печонидани лимон дар вилоти Хатлон кушодааст.Чунин ҳамкориҳо дар дигар соҳаҳо низ идома дода мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






