ТЕАТРИ ХУҶАНД СОҲИБИ ДУ МУКОФОТ ГАРДИД
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ вилояти Суғд аз фестивали III-юмин Байналмиллалии театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 26 то 30 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, бо дастовардҳои калон баргашт. Дар ин фестивали бонуфуз ҳунарпешагони театрҳо аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва аз Тоҷикистон бо асари драматурги тоҷик Нур Табаров «Шикасти ташнагӣ» ширкат варзиданд. Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Туйчиева сазовори мукофоти беҳтарин иҷрокунандаи нақши зан ва драманависи тоҷик Нур Табаров сазовори мукофоти беҳтарин асари драмавӣ гардиданд. Бояд қайд кард, ки дар фестивали I-ум аз Тоҷикистон Театри давлатӣ-драмавӣ русии ба номи Вл. Маяковский ва дар II-юмин ҷаншвора Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А. Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардида буданд, Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






