ТЕНДЕР ДОИР БА СОХТМОНИ ЧОҲҲОИ ОБТАЪМИНКУНАНДА
Душанбе, 18 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади сохтмони чоҳҳои нави обтаъминкунанда дар қитъаи дуюми Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавию илмӣ-истеҳсолии «Гулпарвар» тендер гузаронида мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Дар асоси ин қарор бо мақсади фароҳам овардани шароити рақобати солим, ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба сифати иштирокчӣ аз 18 июни соли 2010 то 9 июли соли 2010 ба озмун даъват карда мешаванд. Хоҳишмандон имкон доранд тамоми ҳуҷҷаҳои худро ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», ки фармоишгар мебошад, супоранд. Озмун рӯзи 9 июли соли равон дар бинои маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






