ЁДЕ АЗ ОВОЗХОНИ НОТАКРОР
Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Душанбе бахшида ба зодрӯз ва рӯзи вафоти овозхони шаҳири Шарқ, шодравон Аҳмад Зоҳир маҳфили ёдбуд баргузор шуд, ки дар он ҳунармандон, шоирону нависандагон, оҳангсозони тоҷик ва дилбохтагони ҳунари волои Аҳмад Зоҳир иштирок карданд. Дар маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир ҳунармандони маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Назрӣ, Қурбоналӣ Раҳмонов ва дигар овозхонҳои ҷавон аз Суғду Хатлон ва Бадахшон, ки ба мактаби Аҳмад Зоҳир пайравӣ менамоянд, доир ба ҳунари нотакрор, зиндагӣ ва маҳбубияти ин булбули Шарқ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои форсизабон хотираҳои ширини худро баён карданд. Атташеи фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Душанбе Шамсулҳақи Ориёнфар мегӯяд, ки Аҳмад Зоҳири тавонистааст дар умри кӯтоҳ, вале пурбаракати хеш аз худ достони беназири шеъру мусиқиро ба ёдгор гузорад. Агар ӯ дар ҳаёт мебуд имрӯз ба синни 64 қадам мегузошт. Дар тӯли 15 соли ҳаёти овозхонии худ Аҳмад Зоҳир беш аз 600 оҳанг офарида, дар ташаккули мусиқии суннатии Афғонистон саҳми боризе гузоштааст. Бо сабки хоси сурудани суруду таронаҳои эстрадӣ мактаби овозхонии худро созмон дод. Ин аст, ки баъд аз гузашти 31 соли марги Аҳмад Зоҳир суруду тарона ва оҳангҳои дилниши ин ситораи Шарқ дар қалби ҳазорон дӯстдорону пайравони ҳунари волои ӯ маъво гирифтааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






