ҚАРЗИ МАОШ ДАР ҶИЛЛИКӮЛ КАМ МЕШАВАД

Июль 21, 2010 16:08

Қурғонтеппа,21 июл. ( АМИТ» Ховар», Мурод Сотиев).-  Қисмати асосии қарзи маоши аҳолии  ноҳияи Ҷилликӯл асосан аз ҳисоби  соҳаи хоҷагии  қишлоқ мебошад. Дар ин бора  ба мухбири  АМИТ « Ховар» аз  дастгоҳи иҷроияи  раиси ноҳияи  Ҷилликӯл  хабар доданд . Айни замон  қарзи соҳаи  хоҷагии  қишлоқи ноҳия   дар шаш моҳи  солӣ ҷорӣ   ба 120,2  ҳозор сомонӣ  расидааст.Дар рӯйхати қарздорон хоҷагии оби  ноҳия дар  ҷойи дуюм  меистад. Баъдан дар рӯйхат  хоҷагии моҳипарварӣ ,  хоҷагии ҷангал  ва комплекси сохтмонии  ноҳия қарор доранд.  Қарзи  маоши кормандони  ҳамаи ин  хоҷагиҳо  160 ҳазор  сомониро ташкил  медиҳад. Тибқи хабари  сарчашма,  ташкилоту муасисаҳои  буҷавии ноҳия  аз ҳисоби  музди маош  қарздор нестанд. Айни замон  маъмурияти ноҳия  барои супоридани  қарзҳои  музди маоши  ҳамаи  ташкилоту  муасиссаҳо,  новобаста аз  шакли  хоҷагидорияшон  тадбирҳои  амалӣ меандешад.  

Июль 21, 2010 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд