ҚОНУНИ ҶТ ТАКМИЛ ДОДА МЕШАВАНД

Июль 16, 2010 16:45

Душанбе, 16 июл. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии  қонунгузории назди Президенти кишвар бо иштироки кормандони Маркази номбурда ва рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов зимни нишаст иброз дошт,ки кормандони Марказ дар гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо,оид ба ворид намудани таъғиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон»,инчунин омода намудани маърӯзаи миллиии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон,Конвенсия бар зидди шиканҷа ва бартараф намудани ҳама намуди муносибати ғайриинсонӣ,Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои  муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва ғайра иштирок намуданд. Маҳмад Раҳимов афзуд,ки Марказ бо мақсади амали намудани вазифаҳои дар нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳое,ки дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд ва аз ҷониби Президенти кишвар 13-ноябри соли 2009 тасдиқ карда шудааст,ба тайёр ва пешниҳод намудани «Консепсияи  пешгӯии инкишофи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар якҷояги бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» машғул мебошад. Бояд гуфт,ки давоми соли ҷорӣ китобхонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд,ки дорои зиёда аз 1000 адад китобу маҷаллаҳои илми мебошад. Кормандони Марказ дар ташвиқоту тарғиботи қонунгузори бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар васоити ахбори омма ва рӯзномаю   маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ вобаста ба самтҳои асосии ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ,оид ба сифат ва забони қонун,ҳуқуқи инсон,бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо сӯҳбатҳо ва мубоҳисаро манзури хонандагон гардониданд. Сипас миёни кормандони Марказ ва рӯзноманигорон  саволу ҷавоб баргузор гардид,ки рӯзноманигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.                                                                                                                                                       

Июль 16, 2010 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!