ҲАМА ДОДИ ВАТАНХОҲӢ ЗАНАНД, АММО НАМЕДОНАМ…

Июль 6, 2010 15:42

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар»-TAJMIGRANT.COM).-Айёми мактабхонӣ аз тарси ҳайбату сиёсати устод буд ё талоши гирифтани баҳои аъло, ашъори зиёди шоирони пешгузашта ва муосирро ҳифз карда будам, гарчанде ба умқи маънии дурусту комили онҳо намерасидам. Бо гузашти айём ва пушти сар шудани қисмате аз ҳаёт, гузаштан аз баъзе шебу фарозиҳои зиндагӣ, дар баъзе лаҳзаҳои ҳассос мисраҳои 10-12 сол пештар дар як гӯшаи мағзи наврасонаи поку беолоиш аз носозиҳои рӯзгор, ғайбату тӯҳмату қабеҳиятҳо сабтшуда, бо мушоҳидаву эҳсоси беадолатию риёкорӣ, дурӯғбофию дурӯғгӯиҳо, дурӯягию ваъдахилофиҳо, аз нав ба ёд меооянду собит месозанд, ки гарчанде аз давраи офарида шудани ин мисраҳо солҳои тӯлонӣ сипарӣ шуда бошад ҳам тафаккур, рафтору кирдори он шахсиятҳое, ки дар ҳаққашон чунин суханҳо офарида шудаанд, тағйир наёфтааст. Бубинед, аз қалби пуртуғён ва аз нобасомониҳои кишвараш ба дод омадаи шоири хушкаломи эрониасли Тоҷикистон Абулқосим Лоҳутӣ, ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри гузашта ҳарфҳои зерин бурун омада, рӯи коғаз рехта шуда буданд, ки: …Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам, Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳар ду?… Ҳафтаи гузашта дар кадом рӯзномае матлаберо хондам, ки дар он муаллиф аз гузашти 100 рӯз баъди интихоботи парлумонӣ иттилоъ медиҳад. Яъне, аллакай беш аз сад рӯз мешавад, ки вакилони баргузидаи мардум дар парлумони касбӣ дар хидмати райъдиҳандагони худ қарор доранд ва дар роҳи ҳал, осону мутобиқ намудани масоили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва маскунини кишвар ба қабули асноду қавонини ҷадид машғуланд. Ростӣ, мутолиаи ин навишта, маро ба майдони фикру андеша кашид ва сар ба ҷайби тафаккур задам ва баъди чанд лаҳзаи сукут худро як интихобкунандаи соддалавҳу гӯлзада дарёфтам. Бо суқути режими шӯравӣ ва соҳиби истиқлол шудани Тоҷикистон, бароям муяссар гашт, ки бо ҳидояти қиблагоҳи бузургворам, ки аз аҳли тақво буданд, ба яке аз кишварҳои исломӣ сафар намоям ва пояю арзишҳои муқаддаси дини мубини исломро омӯхта ба Ватани азизам баргардам. Муҳаббат ва арҷгузорӣ ба дини раҳнамунсози ростию росткорӣ – ислом ва шиори зебою нишонраси тарғиботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: «Имон ба Худо, садоқат ба Ватан, хидмат ба Мардум» дар маъракаи қабл аз интихоботӣ, маро то дараҷае тасхир намуд, ки ифодакунандаи орзую ормонҳои хеш ва роҳи расидан ба ояндаи некро дар он дарёфтам. На танҳо худам, балки наздикону дӯстонамро барои додани раъйи хеш ба тарафдории ҲНИТ талқин кардам. Интихобот пушти сар шуд, шӯру мағалҳои зиёде оиди тақаллубкориҳо дар рафти он сару садо доданд ва баъди сипарӣ шудани ду-се ҳафта ин маърака ба гӯшаи фаромӯшӣ реҳлат кард ва худи вакилони тозаинтихоб низ раъйдиҳандагон ва ваъдаҳои ба онҳо додаашонро аз ёд рабуданд. Аз ҷумла, ду нафаре (Раиси ҲНИТ ва муовинаш), ки бо гирифтани раъйи ману ман баринҳо соҳиби корти сурхи вакили мардумӣ шуданд, яке рӯ ба гардиш дар сайёра ниҳод ва дигаре пушти курсии мулоиму бароҳати вакилӣ ба хоби ғафлат рафт. Ва дар ин миён, танҳо ман худро фиребзада дидам, зеро мушоҳида кардам, ки он «…рисолатҳо дар расидан ба як ҷомеаи пешрафтаи иқтисодӣ, мустақил, озод ва босубот, ба мардумсолорию шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллӣ-мазҳабӣ ва ғ…» (аз барномаи қабл аз интихоботии ҲНИТ) боз ҳамон фиребе будааст, ки дар тамоми давру замонҳо дигар номзадҳо ба вакилӣ ба мардум медоданд. Бо «имонашон бо Худо» намерасам, вале «садоқаташонро ба Ватан» ва «хидматашонро ба Мардум» аллакай эҳсос кардам. Мақсад аз ин суханбозиҳо гирифтани ҳамон корти вакилӣ беш набудааст. Корте, ки ҷойгоҳи онҳоро аз ҷойгоҳи мардуми оддӣ болотар мебардорад ва ҳуқуқи «дастнорасӣ»- ро медиҳад ва майдони ҷавлонро барои густариш ва болобарии сатҳи ба истилоҳ «имиҷи сиёсӣ» васътар месозад. Бубинед ва қазоват кунед, ки мӯҳтарам вакили интихобкардаи ман Муҳиддин Кабирӣ чӣ гуна манфиатҳои маро дар Парлумон ҳимоя карда истодааст. Баъди интихоботи парлумонӣ номбурда, курсии кории худро дар толори Парлумон холӣ гузошта ба кишварҳои Туркия, Қувейт, Британияи Кабир, Олмон, Австрия, Шветсария ва Руссия сафар анҷом дод. Мақсад аз сафари мазкур чӣ буд, барои мани интихобкунанда ва ҳаводори ҲНИТ номаълум боқӣ монд. Моҳи май бори дигар ба Руссия ва Британияи Кабир ба гардиш рафт. Чанд рӯз қабл масъалае пеши рӯям омад ва барои кӯмакпурсӣ дар ҳалли он ба дафтари маркази таҳлилии «Диалог» рафтам. Дар он ҷо маълумам гашт, ки Муҳиддин Кабирӣ боз дар Аврупост ва мӯҳлати бозгашташ ҳоло маълум нест. Дар дафтар чанд нафар даври ин сафар сӯҳбат доштанд ва яке бо ифтихор мегуфт, ки «Раисро барои ширкату суханронӣ дар як конфронси бонуфуз даъват кардаанд». ӯ илова кард, ки зимни ин сафар ё қабл аз он «Раис барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба бародарони мусалмони Навори Ғазаи Фаластин рафта буд». Ё тавба, ҳақ ба ҷониби кампираки момоям будааст, ки ҳамеша мегуфт: «Гурусна дар хонаю садақа биёбон». Мана ҳамин будааст: «Садоқат ба Ватан». Оё савоби кӯмак ба бародарони бозичаи дасти сиёсатбозҳои минтақагашта, аз савоби дастгирии як камбизоате дар Тоҷикистон, ё як селзадаи ғамнок, мотамзада ва хонабардӯши шаҳри Кӯлоб (ақаллан ба ҷонибдорони ҲНИТ) бузургтар аст? (Хонандаи азиз дуруст дарк кунад, ки ман алайҳи расонидани кӯмак ба мардуми кулфатзада ва бечораи Фаластин нестам, вале мо имрӯз худ ба кӯмак эҳтиёҷ дорем ва бояд бо фармудаи бузургонамон «Аввал хешу баъд дарвеш» рафтор кунем). Ё Раиси мӯҳтарами ҲНИТ амсоли аксари ҳаммилатонамон дучори дарди бедавои маҳалгароист? Агар чунин бошад, ҳайфи он пазириши гарме, ки дар арафаи интихоботи парламентӣ мардуми оддии шаҳри Кӯлоб, нисбати ӯ раво дида буданд. Ҳайфи раъйе, ки ба Кабирӣ ва ҲНИТ доданд. Бигузор як овоз бошад ё чанд ҳазор… Ба ҳар ҳол, боз як банди барномаи интихоботии ҲНИТ ба ёдам омад: «…хидмат ба Мардум». Ва боз доманаи фикр маро ҷониби ин сафарҳо мекашад. Сафарҳое, ки мақсаду ҳадафҳояшон нуҳуфтааст. Агар вакили арҷманди ман, мӯҳтарам Кабирӣ дӯсту ҳамдарди мардуми Фаластин аст, пас мақсади сафараш ба Британияи Кабир чист? Ба кишваре, ки дарди Фаластин барояш бегона асту аксари масоили доғро дар ҷаҳон бо ислом тавъам мешуморад. Ба кишваре, ки худро офарандаи демократия медонад ва минтақаи Осиёро зояндаи терроризм. Магар мақсади ин сафарҳо омӯзиши демократия ва содироти он ба Тоҷикистон аз ҷониби пешвои ҳизби исломӣ бошад? Ростӣ ман ин ҷуфтакпариданҳои вакили худро дарк намекунам. Гоҳе ба Эрону гаҳ ба Олмон. Дирӯз ба кишварҳои арабию имрӯз ба Британия. Туркияву Руссия. Фаластину агар иттифоқ афтад… Исроил. Чаро не? Чунин рафтор ҳисси эътимодамро нисбати вакилам коста месозад ва гарчанде дар боло тасмим гирифтам ба «Имонаш ба Худо» намерасам, шубҳа бар ман боло гирифт. Охир барои ҳар як мусалмон аз об рӯшантар аст, ки Имонро ду савдоест: «Яке савдо бо Худо» ва дигаре «Савдо бо дунё». Пас чунин ҷо-ҷо париданҳо савдо бо дунё нест? Имрӯз барои ҳар як шаҳрванди на танҳо ҷумҳурии мо, балки ақабмондатарин сокини сайёра маълум аст, ки ҳадафи нишасту конфронсу симпозиуму ҷаласаҳои мухталиф чист. Пушти онҳо ки меистад ва мақсад аз доир намудани онҳо чист. Дардовару шигифтангезтар аз ҳама барои ман ин ин аст, ки Муҳиддин Кабир имсол барои чунин як конфронсе, иди муқаддаси тоҷикон – Ваҳдатро нодида гирифт. Идеро, ки дар он марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузору сарвари собиқи ҲНИТ нақши сазовору муассире дошт. Магар ин иқдом нодида гирифтани ҷонбозиҳои устод, саҳми ҲНИТ дар сулҳи тоҷикон ва хотираи ҳазорон қурбоншудагони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нест? Пас ҳамин аст садоқат ба Ватану миллат, вақте, ки вакили Парлумон, пешвои як ҳизби бонуфузи кишвар ширкатро дар ким-кадом нишаст бо аҷнабиён, аз ҷашнгирии рӯзи ба ҳам омадани фарзандони миллат болотар мегузорад. Ман фикр мекунам ҳеҷ як баҳонае наметавонист роҳи иштироки Раиси ҲНИТ-ро дар ҷашни Ваҳдат бигирад. Агар аз чизе мушавваш ва ранҷидахотир буд, бояд бо мардум мебуд ва андешаҳои худро рӯшод бо онҳо мегуфт. Вале чи илоҷ, агар тамаъи дарёфти кӯмаку грантҳо бар ҳисси ватандорию миллатпарастӣ боло гирад. Ба вакили хеш дар Парлумони кишвар муроҷиат дорам, ки фирефтаи кӯмаку ваъдаҳои Шарқу Ғарб нагардад, имони худро комил нигаҳ дораду эҳтиёт кунад, ки бозичаи дасти исломгароён ва демократмаобони бегонаи хориҷӣ нагардад. Курсии вакилии худро соҳибӣ намуда, барои қабул шудани санаду қонунҳое, ки ифодагари орзую ормонҳои интихобкунандагонаш мегарданд, мубориза барад. Бигузор пешниҳодоти ӯ дар Парлумон аз ҷониби дигар вакилон дастгирӣ наёбанд ва қабул нашаванд. Дар чунин ҳолат ҳам, хотири ман осуда мегардад, зеро мебинам, ки раъйи ман барабас нарафтааст ва вакили интихобкардаам манфиати маро дар волотарин мақоми қонунбарори кишварам ҳимоя карда истодааст. Рӯҳуллоҳи Абдуллоҳ, ҳаводори ҲНИТ Ruhullo Abdullo <ruh_abdullo@mail.ru>    

Июль 6, 2010 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст