ҲУКУМАТИ ИМА ИСЛОҲОТИ ЗАМИНИ ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) – 30 июн муовини Сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Кеннет Гросс лоиҳаи Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) оид ба ислоҳоти замин дар Тоҷикистонро, ки ба таҳким ва ҳифзи ҳуқуқҳои истифодабарандагони замин равона шудааст, ифтитоҳ намуданд. Лоиҳаи мазкур бо маблағи 4.5 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад ва ҷонибдории мунтазами USAID-ро аз кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи ислоҳоти замин, ки соли 2005 оғоз шуда буд, идома медиҳад. Дар давоми се соли оянда USAID барои беҳбудӣ бахшидан ба таъмини ҳуқуқҳои истифодабарии замин ва ҷорӣ намудани ислоҳоти қонунгузорӣ фаъолият мебарад, ки ин дар навбати худ ба ҳифзи ҳуқуқи истифодабарии замин саҳм мегузорад. Ислоҳоти мазкур барои таҳкими амнияти озуқа ва болоравии иқтисоди дар соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам меоварад. Лоиҳа ба шабакаи Марказҳои дастгирии ҳуқуқии маҳаллӣ (МДҲ) ва ташаббускорон (фаъолони маҳаллӣ), ки барои ба деҳқонон фаҳмонидан ва омӯзонидани ҳуқуқҳояшон, омӯзонидани намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ оид ба қонуну муқаррароти нав, бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани баҳсҳо ва ҳимояи деҳқонон саҳм мегузорад, кӯмак мекунад. Шабакаи мазкур ҳамчунин дар бораи ҳолати хоҷагидории озоди деҳқонон маълумот ҷамъ меоварад ва барои дастгирии кӯшиши лоиҳа дар ислоҳоти қонунгузорӣ аз маҳалҳо иттилоот пешниҳод менамояд. Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин яке аз барномаҳои сершумори дастгирӣ дар Тоҷикистон аст, ки USAID аз номи мардуми Амрико амалӣ месозад. Аз соли 1992 то ин ҷониб тақрибан 900 миллион доллари амрикоӣ аз тарафи мардуми Амрико барои рушди иқтисодиёт, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократии Тоҷикистон равона шудааст.