ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

Июль 27, 2010 14:59

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли равон ҷамъбаст карда шуд. Раиси Кумита Давлаталӣ Саидов  иброз дошт, ки «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати афзун гардонидани  ҷалби  сармоя ба иқтисодиёти мамлакат, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва бештар сохтани самаранокии истифодаи амволи давлатӣ, бо мақсади афзоиши нуфузи байналмилалии мамлакат, рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, беҳтар  намудани сатҳи зиндагии мардум ва густариши ислоҳоти иқтисодӣ корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд». Аз ҷумла, то 1 апрели соли 2010 57 барномаи  сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 1 миллиарду 853 миллион доллари ИМА, ё зиёда аз 8,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, афзуд Саидов . Ҳамчунин,  Кумита бо мақсади идораи самараноки моликияти  давлат, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва истифодаи самараноки он корҳои назаррасро ба сомон расонид. Дар ин давра барои хусусӣ гардонидани  моликияти ҷумҳуриявӣ 21 музояда ва 2 тендер гузаронида шуда, дар онҳо  саҳмияҳои 6 ҷамъияти саҳҳомӣ, 24 корхона ва 21 воситаи нақлиётӣ фурӯхта шуд. Дар баробари ин,  473  шартномаи иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ имзо карда  шуд, ки маблағи умумии солонаи онҳо зиёда аз 4 миллиону 73 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 93 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Маблағи умумии аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодабарии моликияти давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2010 ба буҷет ворид гардида 37, 06 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба  ҳамин давраи соли 2009 21,16 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Раиси Кумита қайд намуд, ки ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо  мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба иқтисодиёти мамлакат ва рушди фазои сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси Кумита тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  КВД «Тоҷинвест» таъсис дода шуд, ки айни замон ба фаъолият оғоз намудааст.          

Июль 27, 2010 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад