ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мувофиқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, то 30 июни соли равон ҳосили 68,3 ҳазор гектар ғаллазор ҷамъ оварда шуд, ки 27,6 фоизи тамоми масоҳати ғаллазори мамлакатро ташкил медиҳад. Деҳқонони мамлакат то 30 июн қариб 149 ҳазор тонна гандум ҷамъ оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 44 ҳазор тонна зиёд мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки соли 2009 дар Тоҷикистон бештар аз 1,3 миллион тонна ғалла ҷамъ оварда шуда буд ва қариб 90 фоизи онро гандум ташкил медод. Бояд гуфт, ки барои таъминоти пурраи аҳолии мамлакат бо гандум истеҳсоли онро ба 1,7 миллион тонна расондан лозим аст. Аз агентии омори ҷумҳурӣ хабар доданд, ки аз аввали сол то имрӯз ба мамлакат ба маблағи 23,8 миллион доллари ИМА орд ва ба маблағи қариб 15 миллион доллари ИМА гандум ворид карда шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






