ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ҒАЛЛАДОНА ДАР ХАТЛОН

Июль 23, 2010 09:20

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, тирамоҳи соли 2009 ва баҳори соли 2010 дар вилояти Хатлон дар масоҳати 151  ҳазору 695 гектар кишти ғалладона гузаронида шудааст, ки айни ҳол майдони 114 ҳазору 264 гектар ғаллазори вилоят даравида шуда, 105 ҳазору 400 гектари он кӯфта шуда аз он 293 ҳазору 278 тонна ҳосили ғалладона ба даст оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 817 тонна зиёд аст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, соли ҷорӣ хоҷагиҳо  ҳосилнокии ҳар як гектар замини кишти  ғалладонаро  ба 27,8 сентнерӣ   расониданд. Айни замон хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҷамъоварии ғалла  аз кори 211 комбайни ғалладарав  босамар истифода мебаранд.          

Июль 23, 2010 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад