ҶАМЪОВАРИИ МЕВАЮ АНГУР ДАР ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –и ҷумҳурӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ мутаносибан 112 ҳазору 992 ва 66 ҳазору 192 тонна муайян шудааст. То 12 – уми июли соли 2010 24 ҳазору 647 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки 22 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 11 ҳазору 603 тонна зиёд мебошад. Ангурпарварони ҷумҳурӣ то имрӯз ба миқдори 190 тонна ё 0,3 фоиз ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 тонна зиёд аст. Ҷамъоварии меваю ангур дар тамоми хоҷагиҳо босуръат давом дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






