ҶДММ «ФОРМУЛА УСПЕХА»-РО ДУЗД ЗАД
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 12 июли соли равон аризаи шаҳрванд Ҷӯраев Дилшод, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, директори ҶДММ «Формула Успеха» ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ворид гардид. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, шаби 11 ба 12 июли соли ҷорӣ шахсони номаълум бо роҳи шикастани дари даромадгоҳ ба корхонаи ҶДММ «Формула Успеха» ворид гашта, аз он ҷо 36 ҳазор сомонӣ, 2 адад монитори компютерро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон кор фаврӣ — ҷустуҷӯӣ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






