ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОР БАРОИ МОҲИ ИЮЛ
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд бо мақсади фарогирии захираҳои озоди меҳнат ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ ҷойҳои холии кориро дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои қаламрави шаҳр барои моҳи июл пешниҳод намуд. Сардори Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд Мӯҳсинҷон Миркамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамагӣ 40 ташкилоту муасисса ва корхонаҳои шаҳр дархости қабули коргарон намуданд. Дар моҳи июл ҷамъулҷамъ 298 ҷойҳои холии кор, аз ҷумла дар соҳаи маориф 24 ҷой, тандурустӣ 171 ҷой, фарҳанг 5 ҷой, саноат 25 ҷой, сохтмон 2 ҷой, хоҷагии манзилию коммуналӣ 29 чой, дигар соҳаҳо 42 ҷойи холии кор мавҷуданд ва ин ҷойҳо ниёзманди ҷалби коргарони касбу кори мухталиф мебошанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






