ҶОМИ ҲАКИМ ФИРДАВСӢ НАСИБИ КАДОМ ДАВЛАТ МЕШАВАД?
Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони варзиши зӯрхонаии беш аз 10 кишвари ҷаҳон-Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ироқ, Украина, Белорус, Молдова ва Литва дар Душанбе ҷамъ меоянд. Онҳо дар дуюмин мусобиқаи байналмилалии варзишҳои зӯрхонаии ҷоми Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки рӯзҳои 11 ва 12 июли соли 2010 дар толори зӯрхонаи ба номи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар Душанбе баргузор мешавад, иштирок менамоянд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи байналмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ дар Душанбе, таҳкими ҳамкориҳои варзишӣ байни кишварҳои минтақа, тарғиб ва рушд ин навъи варзиши қадимаи халқҳои эронинажод аст, ки таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуот ва фарҳанги Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ. Чорабинии варзишӣ бо иқдоми Федератсияи байналмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ, Федератсияи варзишҳои зурхонаии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки дар маросими ифтитоҳи дуюмин давраи мусобиқаи байналмилалии варзишҳои зурхонаӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Шӯрои эрониёни хориҷ аз кишвар Исфандиёри Раҳим Машоҳӣ ва Раиси Федератсияи варзишҳои зӯрхонаии Эрон Мӯҳсин Меҳрализода иштирок ва суханронӣ менамоянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






