3 ҶАСАД ДАР ДАРЁ
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 11 июли соли равон истиқоматкунандаи деҳаи Хоҷагирдоби ноҳияи Ҳисор, Алимардонов Абдулҳамид, соли таваллудаш 2007, ҳангоми бозӣ кардан бо рафиқонаш дар лаби дарёи Кофарниҳон ба об афтида, ғарқ шудааст. Инчунин рӯзи 11 июл истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Ҳасанов Шамшод, соли таваллудаш 1991, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад. Ҷасади номбурдагон, то ҳол дарёфт нашудааст. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад. 11 июл истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, Шоғунбеков Воқиф, соли таваллудаш 1990, ҳангоми оббозӣ кардан дар кӯли Варзоб ғарқ шудааст. Ҷасади номбурда рӯзи 12 июли соли ҷорӣ, аз тарафи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дарёфт гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






