4 НАФАР АЗ СӮХТОР ЧАРОҲАТИ ВАЗНИН БАРДОШТАНД
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 7 июли соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Абдураҳмонова Ҳанифа, соли таваллудаш 1961, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷаи сӯхтор шаҳрвандон Сафолов Фахриддин, соли таваллудаш 1990, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи Омӯзгории ба номи С. Аӣнӣ, Сафолова Саӣёра, соли таваллудаш 1986, донишҷӯи бахши 5-уми Донишгоҳи забонҳо, Сафолова Ситора, соли таваллудаш 1985, донишҷӯи бахши 6-уми ДТТ, Шарипов Ширин, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Ғарм ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар беморхонаи клиникии шаҳрии №3 бистарӣ гаштанд. Сафолов Ф.И. аз сабаби гирифтани ҷароҳати вазнин дар беморхона ба ҳалокат расид. Сабаби сӯхтор муайян карда мешавад. Тафтиш идома дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






