5 ОКТЯБР – РУЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Июль 21, 2010 17:16

Имрўз 21 июли соли 2010  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 қонун, аз ҷумла 5 қонуни мукаммал ва 25 қонун оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи паррандапарварӣ», «Дар бораи ихтирооти махфӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷиҳати мутобиқ намудани системаи таҳсилоти ҳатмии миёна ва таҳсилоти умумӣ ба стандартҳои байналмилалӣ қабул гардида, тибқи он тадриҷан гузаштан ба таҳсилоти умумии 12 сола пешбинӣ карда шудааст. қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани   қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  аз 23 феврали соли 2010 оиди иди байналмилалӣ эътироф гардидани «Рўзи Наврўз» ва мутобиқ намудани қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ба санади номбаршуда қабул карда шудаанд. Инчунин тибқи қонунҳои мазкур бо назардошти дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба таври васеъ ҷашн гирифтани Рўзи забони давлатӣ, 5 октябр – Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.                                                     Мувофиқи тағйироти ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, синну соли никоҳӣ аз 18 солагӣ муқаррар карда шудааст ва ин муқаррарот аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода мешавад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ва «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» бори аввал қабул гардида, барои таҳкими низоми идоракунии молиявӣ ва танзими аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ равона карда шудаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсоли  иҷро», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»  ва ба қисми 2 Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани низоми истеҳсоли иҷро, васеъ намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳо ва таъмини амнияти иҷрочиёни суд равона карда шудаанд.                      Қонунҳои ба имзорасида ҳамчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла фазои соҳибкорӣ,  такмили низоми супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд. Амалӣ намудани қонунҳои мазкур барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидати бештаре хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.      

Июль 21, 2010 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад