А. ХОЛИҚОВ: «ДИНРО ҲАМЧУН НИҚОБ ИСТИФОДА НАБАРЕМ»

Июль 9, 2010 16:55

Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Минбаъд руҳониёне, ки дар масҷидҳо аз минбарҳои баланд амри маъруф карданианд, бояд ҳатман аз санҷиши Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд. Дар ин бора имрӯз 9 июл зимни  ҷаласаи нахустини ҳайати мушовараи Кумитаи мазкур раиси  он Абдураҳим Ҳолиқов  ба рӯзноманигорон хабар дод. Ӯ қайд намуд, ки вақтҳои охир дар масҷидҳо аз ҷониби баъзе ходимони дин,  сабти садо ва адабиёти гуногуни таблиғотӣ тайёр карда ва дар байни мардум паҳн карда мешаванд, ки ин бар зарари ҷомеа мебошад. Ҳол он, ки мувофиқи қонун барои чопи адабиёт, баровардани қартаҳо ва суханронӣ дар байни издиҳом бояд иҷозати махсуси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гирифта шавад.  

Июль 9, 2010 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд