АВВАЛИН МАНЗИЛИ СОЗМОНИ ҶАҲОНӢ ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, аввалин хонаи истиқоматии бо дасти занони Созмони Чаҳонии «Фонди манзил барои шаҳрвандон» сохташуда дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дорад. Чанде пештар як гурӯҳ занон, ки шаҳрвандони кишварҳои Амрико, Канада, Арабистони Саудӣ, Славакия ва Белгия мебошанд, дар чаҳорчӯбаи созмони «Фонди манзил барои шаҳрвандон», ки дар бунёди манзил ба оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон кӯмак мерасонанд, баъди ошноӣ бо ҳаёт ва зиндагии сокинони вилоят барои сохтмони як манзили истиқоматӣ дархост доданд. Ҳукумати шаҳри Хучанд дар асоси ин дархост бо номи сокини шаҳр, ки момодояи бемористон шуда кор мекунад китъаи замини сохтмонӣ ҷудо намуд. Рӯзҳои наздик аввалин манзили истиқоматӣ, ки бо дастгирӣ ва кӯмаки созмони ҷаҳонии «Фонди манзил барои шаҳрвандон» бунёд карда шудааст ба момодояи бемористони шаҳр Мусабеҳхон Турсунова, ки соҳиби се фарзанд буда айни замон дар хонаи бародараш зиндагӣ мекунад, супорида мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






