«БАҲОРИ ЯК КӮЧА» ДАР ЛАГЕРҲОИ ТОБИСТОНА
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» намоиши филмҳоро дар лагерҳои тобистонаи мактаббачагон оғоз кард. То имрӯз дар бештар аз 20 истироҳатгоҳ беруназшаҳрӣ филми нави истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» бо номи «Баҳори як кӯча» намоиш дода шуд. Кормандони корхона ният доранд, ки ин корро то оғози соли нави таҳсил дар лагерҳо ва баъдан дар мактабҳо идома диҳанд. Ҳамчунин, кормандони«Тоҷиккино» то имрӯз бештар аз 7600 адад маводи аудиовизуалии истеҳсолаш ғайриқонуниро дар якчоягӣ ба мақомоти дахлдор мусодира кардаанд. Нисбат ба 12 нафар қонуншикан парвандаи маъмурию ҷиноӣ тартиб дода шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






