БАҲРИ БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ МАЪЮБОН
Хуҷанд, 30 июл.(АМИТ «Ховар»,Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Бо ташаббуси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Раёсати нигаҳдории тандурустии вилояти Суғд семинар- машварати ҷумхуриявӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байнисоҳавӣ – заминаи беҳтар гардидани дастрасии кӯмакҳои иҷтимоӣ ва сифати зиндагии маъюбон» баргузор гардид. Дар семинар — машварат аз тамоми гӯшаву канори ҷумхурӣ мутахассисон ва шахсони мутасаддӣ иштирок намуданд. Маълум гардид, ки дар соли 2009-ум 13449 нафар чун маъюб ба қайд гирифта шуданд. Дар мачмӯъ 51392 нафар маъюбон ҳастанд, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо 93 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 14416 нафар аз овони кӯдакӣ чун бемор дар қайди тиббӣ мебошанд. Дар Хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд 40 нафар калонсолони бесаробон ва Хона – парваришгоҳи вилоятии Дехмой 80 нафар кӯдакони маъюб ба ғамхорию парастории доимӣ фаро гирифта шуданд. Дар миқёси вилоят 3 марказҳои минтақавӣ ва 14 шӯъбаҳои кӯмаку иҷтимоӣ фаъолият дорад, ки дар марказҳо 84 нафар ва дар шӯъбаҳо 207 нафар фаъолият намуда, ба 2393 нафар ниёзмандон аз 3 то 43 намуди хизматҳои иҷтимоӣ расонида мешавад. Дар 18 минтақаи вилояти Суғд ҷамъияти маъюбон ташкилотҳои худро дорад, ки беш аз 15 ҳазор нафар маъюбони камбизоату барҷомондаро дар бар мегирад, яъне 1180 нафар маъюбони гурӯҳи якум, 10800 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм, 1820 нафар маъюбони модарзод фарогир мебошанд. Барои онҳо якчанд коргоҳҳои хурд фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, сехҳои дӯзандагӣ, пахташонакунӣ, макаронбарорӣ, қаннодӣ, нуқтаҳои таъмири мошин, сехҳои сохтани дару тиреза вуҷуд дошта, дар ин коргоҳҳо маъюбони дорои имконияти кор кардан дошта фаъолият мебаранд. Дар ҳудуди Ҷамъияти маъюбони вилояти Суғд Хона- парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда фаъолият мекунад, ки дар он ҷо 20 нафар шахсони бепарастор зиндагонӣ доранд. Барои онҳо ҳамаи шароитҳои зиндагонӣ муҳайё буда, се вақт хӯроки гарм, ҷиҳозҳо, доруворӣ ва ғайра аз тарафи хукумати шаҳри Хуҷанд дастрас карда мешаванд. Аъзоёни ҷамъияти маъюбони вилояти Суғд дар ҳама чорабиниҳои вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, ҳамзамон бо маслиҳатҳои ибратомӯзи худ дар тарбияи насли наврас, дар руҳияи хештаншиносӣ ҳисса мегузоранд.