БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷашнгирии Рӯзи маъюбон далели он аст, ки ҳифзи иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бо мақсади тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла маъюбону пиронсолон аз ҷониби давлат тадбирҳои аҳамияти стратегидошта қабул гардидаанд. Дар марҳилаи кунунӣ як қатор чорабиниҳо аллакай амалӣ шуда истодаанд. Татбиқшавии муқаррароти Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, нақшаи татбиқи Консепсияи ҳифзи иҷтмоии аҳолӣ ва дар партави он дар таҳрири нав таҳия кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», таҳияи механизми нави муайян кардани оилаҳои камбизоат, таъин ва пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ, баланд бардоштани андозаҳои нафақаҳо ва даҳҳо тадбирҳои дигар асосҳои воқеии сиёсати некбинонаи давлат дар самти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати маъюбон ва пиронсолон ба шумор меравад,- иброз дошт сардори шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оила ва кӯдаки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Соима Муҳаббатова ба мухбири АМИТ «Ховар».








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






