БАРҚИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ Э. РАҲМОН БА УНВОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ФАРОНСА
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Николя Саркози барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад: «Мӯҳтарам ҷаноби Президент, Бо таманниёти беҳтарин Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Фаронсаро бо солгарди иди миллии кишвар самимона табрик менамоям. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сатҳу суръати дастовардҳои бадастомадаи солҳои охир дар ҳамкории ин ду кишвари дӯст баҳои баланд медиҳад. Мо боварии комил дорем, ки ҳамкориҳои судманди байни давлатҳо, ки дар асоси кӯшишҳои дуҷониба ба сӯи демократия ва тараққиёт ба даст омадааст, дар оянда низ зичтару мустаҳкамтар мегардад. Иҷозат диҳед, ки ба Шумо, ҷаноби Президент саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор, ба халқи бародари франсуз — сулҳ ва саодати рӯзгорро таманно намоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






